- фармонраво
- [فرمان روا]касе, ки иҷрои фармонаш ҳатмӣ бошад, он ки ҳукмаш дар ҳама ҷо мегузарад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
фармонравоӣ — [فرمان روايي] маҷ. ҳукуматдорӣ, ҳукмронӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иёлат — [ايالت] а 1. кит. ҳукмронӣ, фармонравоӣ 2. як қисми калони кишвар, ки чанд ноҳия ва вилоятро дар бар мегирад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
истибдод — [استبداد] а 1. танҳо ба сари худ кор кардан, майл ва хости дигаронро ба эътибор нагирифта кор кардан; худроӣ, худкомӣ, худсарӣ 2. тарзи ҳукуматдорие, ки фармонравоён ҳар корро ба сари худ мекунанд ва тобеи қонун нестанд 3. зулм, бедодгарӣ; арбоби … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қаҳрамонӣ — I [قهرماني] 1. диловарӣ, далерӣ, шуҷоат; паҳлавонӣ; рӯҳу рафтори ба қаҳрамон хос 2. иҷрои кору фаъолияти аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ки мардонагию шуҷоати шахсӣ ва фидокориро талаб мекунад: қаҳрамонӣ кардан, қаҳрамонӣ нишон додан; қаҳрамонии… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мутоъ — [مطاع] а. кит. касе (ё чизе), ки мардум ба вай итоат мекунанд, фармонраво … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
подшоҳ — [پادشاه] 1. ҳукмрони мутлақи як мамлакат ё кишвар, соҳиби тахту тоҷ, шоҳ; подшоҳ барин рӯз гузаронидан бе ҳеҷ камбудӣ зистан; аз ҳар ҷиҳат таъмин будан 2. маҷ. фармонраво, соҳибихтиёр … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
салтанат — [سلطنت] а. подшоҳӣ, фармонравоӣ, ҳукмронӣ; подшоҳӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
султон — [سلطان] а 1. ҳоким, фармонраво, подшоҳ 2. таър. унвони подшоҳон дар баъзе мамлакатҳои Шарқ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
таҳаккум — [تحکم] а. кит. ҳукмравоӣ бо қувва, ба кор бурдани зӯрӣ; тааддӣ; таҳаккум доштан ҳукмраво будан; фармонравоӣ (зӯроварӣ) кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фармонфармоӣ — [فرمان فرمايي] ҳукмронӣ, фармонравоӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ